Маҳкумияти се амрикоӣ дар парвандаи тавтеа алайҳи мусулмонон
Апрел 19, 2018 09:43 Asia/Dushanbe
Се амрикоӣ ростгарои ифротӣ дар иёлоти Канзас дар иртибот бо нақшае барои куштори паноҳҷуёни мусулмони аҳли Сомалӣ дар ин иёлот, муҷрим шинохта шуданд.
Бар асоси шавоҳиди полиси Амрико, ҳадафи ниҳои ин се фард як муҷтамаи опортмонӣ ва масҷиде дар шаҳри Гарден Сити дар иёлоти Канзас буда, ки маҳалли сукунат ва ибодати шуморе аз мусулмонони сомалияитабор аст.
Ин афрод дар ҳоли ҷамъоварии маводи мунфаҷира буда ва қасд доштаанд, дар ноябри 2016 бомберо ҳангоми намоз дар он муҷтамаъ мунфаҷир кунанд.
Барчасп