Апрел 19, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Табрикгӯии Трамп ба ишғолгарони Фаластин

Раисиҷумҳури Амрико бо табрики рӯзи таъсиси режими саҳюнистӣ ба ишғолгарони Фаластин, барои интиқоли сафорати кишвараш аз Тел Авив ба Қудс, ибрози иштиёқ кард.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп дар паёми “Твиттер”-ии 70-умин солрӯзи таъсиси режими ғосиби саҳбнистиро, ки назди фаластиниён «рӯзи накбат» ном дорад, ба ишғолгарони Қудс табрик гуфт.

Вай дар ин паём афзуд, амрикоиҳо ҳеҷ дӯсте беҳтар аз Исроил дар ҳеҷ ҷои дигар надоранд.

Трамп ҳамчунин навишт, муштоқона дар интизори интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудс дар моҳи ояндаи милодӣ аст.

Трамп шашуми декабри 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард, Вашингтон, Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад.

Ӯ ҳамчунин аз вазорати хориҷаи Амрико хост, муқаддамоти интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел-Авив ба Қудсро фароҳам кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри 2017 қатъномаи ҳимоят аз Қудсро бо 128 раъй мувофиқ, 9 раъй мухолиф ва 35 раъй мумтанеъ (бетараф) ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин қатънома, Созмони Милали Муттаҳид Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият нахоҳад шинохт.

 

Барчасп