Бозигари саршинос Исроилро бойкот кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32944-Бозигари_саршинос_Исроилро_бойкот_кард
Натали Портман бозигари саршиноси Ҳолливуд эълом кард, як ҷоизаи ифтихориро аз режими саҳюнистӣ намепазирад ва роҳии сарзаминҳои ишғолии Фаластин намешавад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 20, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • Бозигари саршинос Исроилро бойкот кард

Натали Портман бозигари саршиноси Ҳолливуд эълом кард, як ҷоизаи ифтихориро аз режими саҳюнистӣ намепазирад ва роҳии сарзаминҳои ишғолии Фаластин намешавад.

Ба гузориши Ҳоливуд-Репортер, Натали Портман бозигари саршиноси Ҳолливуд барои ин, ки мухолифати худро бо режими Исроил нишон диҳад, қасд надорад як ҷоизаа ифтихории исроилиро бипазирад.

Ҷоизаи Генсис барои таҷлил аз ҳунармандоне эҳдо мешавад, ки талоши худро вақфи ҷомеаи яҳудиён ва арзишҳои яҳудӣ мекунанд.

Ин ҷоиза, ки имсол барои таҷлил аз дастовардҳои Натали Портман қарор буд, ба вай эҳдо шавад, бо мухолифата ин бозигар рӯ ба рӯ шуд.

Натали Портман эълом кард, дар маросими эҳдои ин ҷоиза, ки қарор аст моҳи ноябри 2018 баргузор шавад, ширкат намекунад.

Натали Портман, ки яҳудӣ ва мутаваллиди Байтулмуқаддас аст, то кунун борҳо мухолифати ошкори худро бо Бинёмин Нетанёҳу иброз кардааст.

Ҷунбиши бойкоти ҳунарии Исроил муддате аст матраҳ шуда ва бар асоси он бисёре аз ҳунармандон барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва эътироз ба рафтори режими саҳюнистӣ аз сафар ба ин сарзамин ва ҳузур дар барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии он худдорӣ мекунанд.