Апрел 22, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул бо даҳҳо кушта ва захмӣ

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар назди як маркази номнависии ширкат дар интихобот дар роҳи Шаҳид Мазорӣ дар ғарби Кобули Афғонистон, дастикам 40 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон аз Кобул, ин инфиҷор субҳи имрӯз аз сӯи як омили интиҳорӣ дар миёни ҷамъияти хоҳишмандони сабти ном дар интихоботи Афғонистон рӯй дод.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори имрӯзро бар ӯҳда гирифт.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи гурӯҳи Толибон эълом кард: Афроди ин гурӯҳ дар ҳамлаи террористии имрӯз дар ғарби Кобул даст надоштаанд.