Тафсир - БАРҶОМ меҳвари аслии музокироти Макрон ва Трамп дар Вашингтон
(last modified 2018-04-23T11:27:59+00:00 )
Апрел 23, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - БАРҶОМ меҳвари аслии музокироти Макрон ва Трамп дар Вашингтон

 Дар остонаи сафари раиси ҷумҳурии Фаронса ба Вашингтон, Эмануэл Макрон ба ҳамтои амрикоии худ тавсия кард, ба тааҳҳудоти Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон пойбанд бимонад.

Макрон бо ишора ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва талош барои нобудии он дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳеҷ тарҳи дувуме дар иртибот бо БАРҶОМ надорад.

Вай ҳамчунин хитоб ба Доналд Трамп гуфт: «Ман ба раиси ҷумҳурӣ Трамп мегӯям, дар робита бо итмоми таърихи ниҳоӣ дар моҳи май, авлавиятҳои шумо чист? Агар мехоҳӣ дар баробарӣ ҳама биҷангӣ, бо Чин ҷанги тиҷорӣ кун, дар баробари Аврупо ҷанги тиҷорӣ кун, дар Сурия биҷанг, дар баробари Эрон биҷанг, аммо қабул кун, ки ин кор посух намедиҳад. Мо муттаҳидони тауем!

 Расонаҳои аврупоӣ сафари серӯзаи Эмануэл  Макрон ба Вашингтонро, ки аз имрӯз душанбе оғоз мешавад ва ҳамчунин сафари Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар рӯзҳои ояндаро охирин талошҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ҷилавгирӣ аз нақзи фоҳиши БАРҶОМ аз сӯи давлати Амрико медонанд.

Трамп рӯзи 12 январи гузашта ҳамзамон бо имзои тамдиди таълиқи таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон таҳдид кард, 120 рӯзи дигар ин таълиқҳоро тамдид нахоҳад кард, магар ин, ки Аврупо ба хости Вашингтон барои таъғйир дар тавофуқи ҳастаӣ тан диҳад.

Трамп музокира бар сари барномаҳои мушакии Эрон, боздид аз тамоми сайтҳои Эрон аз ҷумла сайтҳои низомӣ ва таъғйир дар ҷадвали замонии БАРҶОМ-ро, ки аз он ба "ғуруби БАРҶОМ" ёд мекунад, се шарти худ барои мондан дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон эълом кардааст.

Тақрибан се ҳафтаси дигар муҳлати худхондаи Трамп барои Аврупо поён мепазирад. Бо ин ҳол ҳанӯз нишонаҳое аз таслими се кишвари аврупоии Олмон, Фаронса ва Бритониё дар баробари зиёдахоҳиҳои Трамп дар мавзӯи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон дида намешавад. Албатта дар моҳҳои гузашта сарони ин се кишвар, ба вижа Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса изҳоротеро мабнӣ бар хатарнок будани барномаҳои мушакӣ ва минтақаии Эрон иброз кардаанд, то ризоятро ҷалб кунанд. Бо ин ҳол, умеди амрикоиҳо барои тасвиби таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон дар хусуси мабоҳиси ҳуқуқи башарӣ ва мушакӣ ба далели мухолифати бархе аз кишварҳои ин иттиҳодия нақши бар об шуд.

 Акнун низ Макрон пеш аз оғози сафар ба Вашингтон ба сароҳат эълом доштааст, ки "ҳеҷ тарҳи дувуме" дар мавриди БАРҶОМ надорад. Ба иборати дигар, раиси ҷумҳурии Фаронса пешопеш ҳар гуна дархости Трамп барои тағйир дар мафоди БАРҶОМ ё ҳамроҳӣ бо Вашингтон дар сурати хуруҷи Амрико аз ин тавофуқро рад кардааст. Интизор меравад Ангела Меркел низ дар сафар ба Вашингтон мавзеи мушобеҳеро дар баробари раиси ҷумҳурии Амрико иттихоз кунад; Он ҳам дар ҳоле, ки ҳатто Тереза Мей, нахуствазири Бритониё низ бо ду кишвари дигари аврупоӣ барои ҳифзи БАРҶОМ ҳамсадо шудааст.

  Ба ҳар ҳол ба назар мерасад туперо, ки Трамп дар январи гузашта ба замини аврупоиҳо андохт, дар ҳоли бозгашт ба замини амрикоиҳо аст ва Трамп чорае надорад, ки танҳоӣ дар мавриди мондан ё хуруҷи Амрико аз як тавофуқи байналмилалии мубтанӣ бар як қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал тасмим бигирад.

 

Барчасп