Апрел 26, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Трамп ҳамчунон Муҳаммад бин Салмонро таҳқир мекунад

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунон валиъаҳди Арабистони саъудиро дар баробари афкори умумӣ таҳқир мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Трамп пас аз дидори моҳи гузаштаи Муҳаммад бин Салмон-валиъаҳди Арабистони саъудӣ дар Вашингтон ба коркунони Кохи Сафед гуфт: Муҳаммад бин Салмон шипиш дорад.

Манбаъе огоҳ дар Вашингтон рӯзи чаҳоршанбе ба пойгоҳи интернетии Лубнониюл Аъҳд таъсреҳ кард: Трамп пас аз нишасти моҳи марти 2018 бо Муҳаммад бин Салмон аз коркунони Кохи Сафед хоста стул ва тамоми василаҳое, ки валиъаҳди саъудӣ ламс карда ва бар руйи он нишаста баррасӣ ва агар шипише ба ҷо монда аст тоза кунанд.

Раиси ҷумҳури Амрико ба касе, ки ӯро ҳангоми истиқбол дар Кохи Сафед дусти худ тавсиф кардааст, ингуна нигоҳ мекунад.

Доналд Трамп рӯзи сешанбе дар дидори Эманоел Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Сафед ҳам бори дигар гуфт: Амрико ҳафт триллион доллар дар Ховари миёна ҳазина карда ва ҳеҷ чизе бадаст наёвардааст ва кишварҳое сарватманд дар ин минтақа ҳастанд, ки бояд ҳазинаи онро пардохт кунанд.

Раиси ҷумҳури Амрико изҳор кард: Кишварҳои сарватманд дар минтақаи Ховари миёнаро маҷбур хоҳад кард, низомиёни худро ба Сурия сафарбар кунанд ва Амрико низомиёни худро ба хона бармегардонад.

Доналд Трамп борҳо дар баробари дурбинҳо ва расонаҳо аз вожаи " ҷушидани Муҳаммад бин Салмон ва Арабистони саъудӣ" истифода кардааст.