Баёнияи муштараки вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия
(last modified 2018-04-28T16:15:59+00:00 )
Апрел 28, 2018 21:15 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи муштараки вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия

Вазирони хориҷаи се кишвари Русия, Эрон ва Туркия дар поёни нишасти худ дар Маскав бо судури баёнияи муштараке бар зарурати ҳифзи ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Сурия, таъкид карданд.

Вазирони умури хориҷаии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Туркия, ба унвони кафилони риояти режими оташбас дар Сурия, дуввумин нишасти худро дар Маскав, дар таърихи 28 апрели 2018 баргузор карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар баёнияи поёнии ин нишасти сеҷониба, ин се кишвар бар азми худ мабни бар тақвияти ҳамкориҳои се ҷониба бар пояи баёнияҳои муштараки содир шуда аз сӯи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Туркия, дар таърихҳои 22 ноябри 2017 ва 4 апрели 2018, таъкид карданд.

Дар ҳамин ҳол, вазирони хориҷаи се кишвар тавофуқ карданд, ки талошҳои муштаракро барои тасҳили дастёбӣ ба ҳаллу фасли пойдори сиёсӣ дар Сурия, тибқи чашмандози тарсим шуда дар қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти Созмони Милал ва баҳрабардории комил аз созу корҳое чанд қабатии фармати Остона, афзоиш диҳанд.

Дар ин баёния ҳамчунин бо таъкид бар ин ки нишастҳои Остона танҳо иқдоми байналмилалии коромад дар бораи буҳрони Сурия аст, эълом шуд, ки нишасти байналмилалии баъдӣ дар бораи Сурияро ҳамзамон бо дуввумин нишасти коргуруҳи озодии боздоштшудагон/рабудашудагон ва таҳвили ҷасадҳо ва шиносоии гумшудаҳо дар моҳи майи 2018 дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор кунанд.

Дар идомаи ин баёнияи муштарак низ зимни маҳкум кардани истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурия бар муқобила бо дастури корҳое, ки ба думболи тазъифи ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва тазъифи амнияти миллии кишварҳои ҳамсоя ҳастанд, таъкид шудааст.

Нишасти се ҷонибаи вазирони хориҷаи Русия, Эрон ва Туркия дар бораи буҳрони Сурия, имрӯз (шанбе) дар Маскав баргузор шуд.

 

Барчасп