Май 01, 2018 14:15 Asia/Dushanbe
  •  ЮНИСЕФ куштори кӯдакони афғонро маҳкум кард

Мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар баёнияе, ҳамлаи террористӣ дар устони Қандаҳор Афғонистонро, ки мунҷар ба кушта шудани 11 кӯдаки афғон шуд, маҳкум кард.

Ҳенритта Форе дар ин баёния аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Афғонистон хост то аз амнияти кӯдакон ҳифозат кунанд.

Рӯзи гузашта дар ҳамлаи интиҳорие дар наздикии як мактаб дар Қандаҳор 11 кудак кушта ва 8 нафар захмӣ шуданд. Илова бар он Кобул низ шоҳиди ду ҳамлаи террористӣ буд.

Дар ин ҳамлаҳо, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онҳоро бар ӯҳда гирифт, беш аз 30 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд.

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ин ҳамлаҳои террористӣ, бо давлат ва миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард.

Бо таваҷҷуҳ ба инки гурӯҳҳои мухталифи террористӣ дар Афғонистон фаъолият ва амалиёт иҷро мекунанд ба таври қатъ наметавон гуфт, чӣ гурӯҳе ва бо чӣ аҳдофе ҳамлаҳои террористиро созмондиҳӣ ва иҷро мекунанд, аммо аз назари ҷуғрофиёӣ иҷрои амалиёт дорои аҳдоф ва мафҳуми хосе аст.

Куштори кӯдакон дар Қандаҳор, ки ҷойгоҳ ва пойгоҳи Толибон дар Афғонистон маҳсуб мешавад, ҳушдори ҷиддӣ ба ин гурӯҳ аст, ки идомаи ҳамлаҳои хушунатбор таҳти ҳар унвоне метавонад мунҷар ба кашида шудани хушунатҳои хунин ба манотиқи паштуннишин шавад, ки аз дидгоҳи мардуми Қандаҳор гурӯҳи Толибон омили он аст.

Ба гуфтаи мақомоти давлати Афғонистон беш аз бист гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар фаъол ҳастанд, ки муқобила бо онон ниёзманди ҳамкории ҷиддии гурӯҳи Толибон аст, чунки ҳамаи гурӯҳҳои хушунатталаб ҳамлаҳои террористии худро ба номи Толибон ва ё гурӯҳи террористии ДИИШ анҷом медиҳанд.

Аҳмад Беҳрӯз, коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, ҳамлаҳо зидди низомиён ва куштори онон ба хусус кӯдакон ҳеҷ тавҷеҳе надоранд. Ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам аз нигоҳи қонунҳои байналмилалии башардӯстона маҳкум аст ва бояд дар Афғонистон мутаваққиф шавад.

Аз дидгоҳи мардум ва маҳофили сиёсӣ дар Афғонистон давлати ин кишвар низ дар таъмини амнияти мардум набояд кӯтоҳӣ кунад ва бояд аз тамоми абзорҳои лозим барои дифоъ аз мардум ва амнияти онон дар баробари террористҳо истифода кунад. Ба хусус, бо таваҷҷуҳ ба инки давлат ва мардуми Афғонистон худро барои баргузории интихобот омода мекунанд, эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон дур аз зеҳн нест. Идомаи ишғоли Афғонистон ҳам аз дигар авомили тадовуми хушунатҳои хунин дар ин кишвар аст, ки бояд ба ин раванд низ поён дода шавад. Зеро гурӯҳи Толибон пайвастан ба раванд сулҳро хуруҷи ишғолгарон аз Афғонистон эълом мекунад.

Эймал Файзӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, сиёсати таҷовузкоронаи Амрико барои манофеи ин кишвар рӯзона сабаби ҷон бохтани ғайринизомиёни афғон мешавад ва дар ҳақиқат куштори ғайринизомиёни афғон паёмади сиёсатҳои Вашингтон аст, ки бояд поён ёбад.

Дар ҳар ҳол, танҳо роҳи поён додан ба ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон пешбурди раванди сулҳи ин кишвар аст, ки гурӯҳи Толибон метавонад нақши муҳим ва асосӣ дар он ифо намояд. Ба ҳамин далел давлатмардони Афғонистон ҳамвора аз Толибон хостаанд, бо канор гузоштани силоҳ ба бародаркушӣ дар Афғонистон поён диҳанд.

 

Барчасп