Заҳролудшавии шубҳаноки даҳҳо духтари донишомӯз дар Афғонистон
Май 03, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
40 духтари донишомӯзи афғон дар яке аз мадориси вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон, ба таври шубҳанок заҳролуд шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон аз Кобул, ин ҳодиса имрӯз (панҷшанбе) дар яке аз мадориси духтаронаи шаҳристони Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор рӯй дод.
Вазъияти ҷисмии яке аз духтарони заҳролуд шуда вахим гузориш шудааст.
Чанде пеш низ 30 духтари донишомӯз дар вилояти Тахор, заҳролуд шуда буданд.
Бархе мӯътақиданд, масмум (заҳролуд) кардани донишомӯзон бавижа духтарони донишомӯз, иқдоме барои ҷилавгирии онҳо аз идомаи таҳсил дар Афғонистон аст.
Гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла Толибон мухолифи таҳсили духтарон дар мадраса ҳастанд.