Май 03, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Путин ба ҷамъи ҳаводорони Ҷоми ҷаҳонӣ пайваст

Раисиҷумҳури Русия ва раиси Федератсияи байналмилалии футбол «ФИФА» бо дарёфти корти ҳаводорӣ ё " Fan ID" Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, ба ҷамъи тамошогарони он пайвастанд.

Ба гузориши хабаргузори ИРНА, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Джанни Инфантино, раиси ФИФА имрӯз (панҷшанбе) дар Сочи зимни дидору гуфтугӯ бо якдигар, аз маркази марбут ба судури корти ҳаводорони Ҷоми ҷаҳонӣ (гузарнома барои тамошогарони футбол) боздид карданд.

Дар ин боздид, Николай Никифоров, вазири иртибототи Русия эълом кард, 21 марказ дар шаҳрҳои мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол барои судури гузарнома доир ва токунун беш аз 600 ҳазор корти ҳаводории он, содир шудааст.

Корти ҳаводории Ҷоми ҷаҳонӣ мадраке аст, ки тамошогарон бояд барои ҳузур дар варзишгоҳҳо ба ҳамроҳи билет ба масъулон ироа диҳанд.