Интиқоди Никки Ҳейлӣ аз шеваи иртиботии Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33780-Интиқоди_Никки_Ҳейлӣ_аз_шеваи_иртиботии_Трамп
Намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, аз “сабки иртиботи»-и раисиҷумҳури Амрико интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 07, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Никки Ҳейлӣ аз шеваи иртиботии Трамп

Намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, аз “сабки иртиботи»-и раисиҷумҳури Амрико интиқод кард.

Ба гузориши шабакаи “CBS”, Никки Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар Созмони Милал рӯзи якшанбе бо ҳимоят накардан аз шеваи иртиботии Доналд Трамп, раисиҷумҳурӣ гуфт, ин шева ба печидагиҳои ошкоре дар заминаи равобити дипломатӣ мунҷар шудааст.

Ҳейлӣ дар мавриди ихтилофи назараш бо Трамп ба “Твитт”-и моҳи феврали вай ишора кард, ки дар он, Амрикои Лотинро ба бастани чашмҳояш ба рӯйи қочоқи маводи мухаддир, муттаҳам карда буд.

Ҳейлӣ бо ишора ба таҳқиқоти Роберт Мюллер дар хусуси парвандаи Русия- Трамп низ гуфт, Трамп набояд ин таҳқиқотро мутаваққиф кунад ва ба нафъи кишвар аст, ки ин таҳқиқот сареътар ба натиҷа бирасад.

Шеваи иртиботии номутаорафи Трамп ба танишҳое бо муттаҳидони деринаи Амрико дар Аврупо ва Осиё ҳам мунҷар шудааст.