Афзоиши фақр дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33794-Афзоиши_фақр_дар_Афғонистон
Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди Идораи маркази омори Афғонистон нишон медиҳад, беш аз ниме аз мардуми ин кишвар зери хати фақр ҳастанд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 07, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фақр дар Афғонистон

Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди Идораи маркази омори Афғонистон нишон медиҳад, беш аз ниме аз мардуми ин кишвар зери хати фақр ҳастанд.  

Муовини Идораи маркази омори Афғонистон гуфт, дар ҳоли ҳозир 54,4 дарсади мардуми Афғонистон зери хати фақр ба сар мебаранд, ки ин мизон дар 2012, 38,3 дарсад будааст.  

Ҳасиб Муваҳҳид афзуд, назарсанҷии ҷадид бо мушорикати 155 ҳазору 680 нафар дар 34 вилоят таҳия шуда, ки 67 дарсади хоки Афғонистонро пушиш додааст.  

Ба гуфтаи вай, бар асоси таърифи миллӣ, касоне, ки дар як моҳ аз ду ҳазору 64 афғонӣ камтар ҳазина кунанд, зери хати фақр қарор доранд.