Берни Сандерс: Трамп се ҳазор бор дурӯғ гуфтааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33814-Берни_Сандерс_Трамп_се_ҳазор_бор_дурӯғ_гуфтааст
Берни Сандерс, сенатори иёлати Вермонти Амрико гуфт, Доналд Трамп аз замони ба қудрат расиданаш то кунун беш аз се ҳазор бор дурӯғ гуфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 08, 2018 07:03 Asia/Dushanbe
  • Берни Сандерс: Трамп се ҳазор бор дурӯғ гуфтааст

Берни Сандерс, сенатори иёлати Вермонти Амрико гуфт, Доналд Трамп аз замони ба қудрат расиданаш то кунун беш аз се ҳазор бор дурӯғ гуфтааст.

Сандерс дар сафҳаи твиттерии худ афзудааст, бо ин ҳол, ҷумҳурихоҳон аз гуфтани ин ки Трамп дурӯғгӯст, шона холӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, натоиҷи назарсанҷии ахири муассисаи “Паблик полиси” нишон медиҳад, 52 дарсад аз мардуми Амрико муътақиданд, Трамп дурӯғгӯст. Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, маҳбубияти Трамп дар байни амрикоиҳо акнун ба 39 дарсад расидааст. Ин мизони маҳбубияти поинтарин ҳадд аз замони рӯйи кор омадани Трамп аст.

Фармонҳо, суханон ва рафторҳои ҷанҷолӣ ва дар бисёре аз маворид беадабонаи Доналд Трамп боис шудааст, бисёре аз мардум ва сиёсатмадорони амрикоӣ ӯро дар ҳадди мақоми раёсатҷумҳурии кишваршон надонанд.