Мухолифати Эрдуғон бо пешниҳоди ширкат дар мунозараи интихоботӣ
Раисҷумҳури Туркия бо пешниҳоди яке аз номзадҳои рақиб, ки хоста буд, миёни номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ мунозараи телевизионӣ баргузор шавад, мухолифат кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешниҳоди Муҳаррам Инче (Muharrem Ince), номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, аслитарин ҳизби мухолифи давлатро барои ширкат дар мунозараи телевизионӣ рад кард. Эрдуғон, ки шаби душанбе дар конфронси матбуотии муштарак бо Александр Вучич, раиси Ҷумҳурии Сербистон сухан мегуфт, иддао кард, рақибаш мехоҳад бо баргузории мунозараи телевизионӣ барои худ эътибор касб кунад.
Муҳаррам Инче, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқи Туркия рӯзи якшанбе аз наҳваи пӯшиши расонаии нахустин нишасти интихоботияш интиқод карда гуфта буд, ҳеҷ кадом аз шабакаҳои телевизионӣ изҳороти ӯро пахш накарданд. Инче ҳушдор дод, агар дафтари раёсатҷумҳурии Туркия таҳрими расонаии аҳзоби мухолифро идома диҳад, таҷаммӯъҳои интихоботияшро муқобили сохтмони шабакаҳои телевизионӣ баргузор хоҳад кард.
Эрдуғон аз рӯзи якшанбе бо додани ваъдаи иқтисодӣ таблиғоти ғайрирасмии интихоботии худро оғоз кардааст.
Бисту шашумин давраи интихоботи парлумонии Туркия ва нахустин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар қолаби низоми раёсатӣ рӯзи 24 июн баргузор мешавад.