Тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ дар бораи тақсими масъулиятҳо дар кобинаи Афғонистон
(last modified 2016-09-01T14:13:09+00:00 )
Сентябр 01, 2016 19:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ дар бораи тақсими масъулиятҳо дар кобинаи Афғонистон

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдат миллии Афғонистон дар чаҳорумин дидори худ барои ҳалли ихтилофот дар бораи тақсими салоҳиятҳои сарони давлат ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориш хабаргузории "Тасним", дафтари раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии кобинаи ин кишвар дар дидори шаби гузашта (чаҳоршанбе шаб) дар "Арк"-и раёсатҷумҳурӣ дар идомаи дидорҳои дуҷониба барои ҳалли ихтилофот дар хусуси бархе масоили мавриди муноқиша тавофуқ карданд.

Ғанӣ ва Абдуллоҳ дар ин дидор дар мавриди интихоби масъулон бар асоси тавофуқномаи сиёсии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, усули машваратӣ, мушорикати миллӣ, намояндагии одилона, шоистасолорӣ, садоқат ва тааҳҳуд ба барномаҳои ислоҳоти давлати Кобул ва парҳез аз бархурди дугона гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин раисҷумҳурӣ ва раиси иҷроии давлати Ваҳдат миллии Афғонистон тавофуқ карданд то Абдуллоҳ ҳузури муассир дар раванди пешниҳоди афроди муносиб ҷиҳати таъйиди постҳои олирутбаи ҳукуматӣ дошта бошад.

Чаҳорумин дидори сарони давлати Ваҳдати миллии Афғонистон дар ҳоле анҷом шуд, ки дар дидори гузашта, Муҳаммад Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ дар бораи ислоҳи низоми интихобот, тақсими шиносномаҳои электронӣ, ташкили комиссияи ислоҳоти қонуни асосӣ ва таъйини аъзои Кумитаи назорат бар татбиқи тавофуқномаи сиёсӣ ба тавофуқот даст ёфтанд.

Пас аз дидори қаблии Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ, Аҳмад Майсам, сухангӯи раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ба расонаҳо гуфта буд, ки ҷузъиёти ин тавофуқ ба таври расмӣ эълом хоҳад шуд.

Тавофуқ байни сарони давлати Афғонистон дар бархе масоил бар хилофи баъзе пешбинииҳои аввалия дар бораи бенатиҷа будани ройзаниҳои раиси ҷумҳурӣ ва раиси иҷроии кобинаи ин кишвар барои ҳалли ихтилофоти марбут ба иҷрои тавофуқномаи ташкили давлати Ваҳдати миллӣ аст.

Ба гуфтаи Абдуллоҳ, Ашрафғанӣ тааҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқномаи ташкили давлати Ваҳдати миллии Афғонистонро нодида гирифтааст.

 Аз ҷумлаи ин тааҳҳудот ташкили Луи-Ҷирга барои тағйири қонуни асосӣ бо ҳадафи гунҷондани пости нахуствазирӣ ва ҳамчунин лузуми тасмимгирии муштарак дар бораи масоили калон бо раиси иҷроии кобина, ба хусус дар барканорӣ ва бавазифагириҳо аст.

Пештар Абдуллоҳ бо интиқод аз амалкарди раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфта буд, вай лаёқати ин симматро надорад.

Ин мавзеи раиси иҷроии кобинаи Афғонистон, тундтарин интиқоди мумкин алайҳи раиси ҷумҳурии ин кишвар дар наздик ба ду соли гузашта буд.

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳо байни сарони давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, бархе маҳофили сиёсӣ ва расонаии ин кишвар аз афзоиши ноамниҳо дар асари идомаи ин танишҳо ба шиддат ибрози нигаронӣ карданд.

Иттиҳодияи ҳуқуқдонони Афғонистон ҳудуди ду ҳафтаи қабл дар баёнияе эълом кард, дар ду соли гузашта давлати Ваҳдати миллии Афғонистон тааҳҳудоти худро дар қиболи мардуми ин кишвар амалӣ накардааст. Ин иттиҳодия аз сарони давлати Ваҳдати миллӣ хост то ихтилофоти худро канор бигузоранд ва дар ғайри ин сурат натиҷаи амалкарди онҳо дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад.