Май 10, 2018 19:06 Asia/Dushanbe
  • Панҷумин рақиби Эрдуғон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ мушаххас шуд

Чанд соат қабл аз поёни мӯҳлати қонунии касби 100 ҳазор имзо барои номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, шашумин номзади ин интихобот мушаххас шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Догу Перинчек, раиси ҳизби “Ватан”-и Туркия рӯзи панҷшанбе муваффақ шуд бо касби 120 ҳазор имзо, шашумин номзади интихоботи раёсатҷумҳури Туркия шавад.

Пеш аз ин Мерал Акшенер, раҳбари ҳизби “Нек” (Iyi Parti) бо 251 ҳазор имзо ва Temel Karamollaoğlu, раҳбари ҳизби исломгарои “Саодат” бо 164 ҳазор имзо тавониста буданд, муҷаввизи номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркияро касб кунанд.

Ҳадди нисоби бадаст овардани муҷаввизи номзадӣ дар интохботи раёсатҷумҳурии Туркия, касби дастикам 100 ҳазор имзо аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҳизби адолат ва тавсеа, Муҳаррам Инҷа аз ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ ва Салоҳиддин Демиртош, раиси зиндонии Ҳизби демократи халқҳо, дигар номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия дар интихоботи 24 июн, дар ин кишвар ҳастанд.

 

Барчасп