Май 14, 2018 11:53 Asia/Dushanbe
  • Фаластин захми кӯҳнаи миллати Ислом

Масъалаи Фаластин ва Қудс ҳалқае аз як тавтиаи бузурги саҳюнистӣ аст, ки бо ақди қарордодҳои созишкорона хотима нахоҳад ёфт, балки танҳо роҳи ҳалли ин мушкил тақвияти ҷараёни муқовимати исломӣ ва истодан дар муқобили режими ишғолгар ва мутаҷовиз аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби Эрон дар дидори меҳмонони ширкаткунанда дар сездаҳумин иҷлоси байналмаҷолиси кишварҳои исломӣ (январ 2018) дар баёноте дифоъ аз Фаластинро вазифаи ҳама донистанд ва таъкид карданд: "Набояд тасаввур шавад, ки муқобила бо режими саҳюнистӣ фоидае надорад, балки ба изн ва лутфи Худованд, муҷоҳидатҳо дар муқобили режими саҳюнистӣ ба натиҷа хоҳад расид, ҳамон гуна, ки ҷараёни муқовимат нисбат ба солҳои қабл, пешрафт кардааст."

Акнун вазъияти Фаластин мисдоқи ин ҳақиқат аст ва истқарори сулҳи пойдор ва одилона дар минтақа танҳо дар гарави рафъи комили ишғолгарии режими саҳюнистӣ, бозгашти ҳамаи оворагони фаластинӣ ба сарзаминашон, таъйини низоми ояндаи Фаластин бар асоси ҳамапурсӣ бо ҳузури ҳамаи сокинони аслии он ва ниҳоятан ташкили давлати якпорчаи Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддаси шариф хоҳад буд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон якшанбешаб бо судури баёнияе ба муносибати ҳафтодмин солгарди ишғоли Фаластин бо таъкид бар ин муҳим эълом кард, Байтулмуқаддас бахши ҷудонашудании сарзамини Фаластин ва яке аз муҳимтарин маконҳои сегонаи муқаддаси исломӣ аст, ки талош барои интиқоли пойтахти режими саҳюнистӣ ба он, нақзи ошкори мавозин ва қатъномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла қатъномаҳои 478 (1980) ва 2334 (2016) маҳсуб мешавад.

 Дар ин баёния омадааст, бидуни тардид, тадовуми ишғоли созмонёфтаи сарзамини Фаластин ва истимрори иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин тасмими нобихрадона ва ғайриқонунии ахири давлати Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико мабнӣ бар ба расмият шинохтани шаҳри Қудс ба унвони пойтахти ин режим ва интиқоли сафорати худ ба ин шаҳр, бар азму иродаи миллати ситамдидаи Фаластин дар муқобила ва муқовимат алайҳи ишғолгарӣ хоҳад афзуд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико шашуми декабри 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ муаррифӣ кард, вазорати умур хориҷаи Амрико ҳам 14 майи 2018-ро замони интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Қудс эълом кард.

Акнун сарнавишти Фаластин вориди марҳалаи ҳассосе шудааст. Мавҷуде ҷинояткор ба номи Исроил, ки бахш аъзами кишвари исломии Фаластинро ғасб карда ва инак бо кумаки Амрико дар садади иҷрои нақшаи шуми тозае дар такмили ин ишғолгарӣ аст.

Ҳасани Рӯйварон коршиноси масоили Ховари Миёна аммо дар таҳлиле ба решаҳои ин тавтиа дар гузаштаҳо ишора дорад ва мегӯяд, саҳиунистҳо бар асоси як ривояти таърихии сохта, бинобар инки як замоне яҳудиҳо дар Фаластин будаанд, истидлол мекунанд, ки инҷо мутааллиқ ба онҳо аст. Агар ин милок ва асл бошад, ки ҳар миллате як замоне дар ҷое буда бошад, он макон барои ҳамеша мутааллиқ ба онҳо аст, бояд бигӯем, мо эрониҳо замоне дар Юнон ва Миср ҳам будаем, хеле ҷоҳои дигар ҳам будаем. Тамоми ин масоиле, ки саҳюнистҳо машрӯъияти худро бар асоси он матраҳ мекунад, ҳеҷ кадомашон воқеӣ ва қонунӣ нест.

Ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоб, саҳюнистҳо рӯзе шиори «Аз Нил то Фурот»-ро медоданд, аммо акнун барои муҳофизат аз худ маҷбур ба деворкашӣ шудаанд. Он гуна, ки Раҳбари муаззам инқилоби таъкид кардаанд, бидуни тардид Фаластин як маҷмӯа ва таърих «Аз баҳр то наҳр» аст ва Қудс низ пойтахти он аст ва имкони ҳеҷ хадшае бар ин ҳақиқат, вуҷуд надорад.

 

Барчасп