Сенатори амрикоиӣ: Трамп Амрикоро беэътибор кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34230-Сенатори_амрикоиӣ_Трамп_Амрикоро_беэътибор_кард
Сенатори демократи амрикоӣ хориҷ шудани Доналд Трамп аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро мояи беэътибор шудани Амрико донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 16, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоиӣ: Трамп Амрикоро беэътибор кард

Сенатори демократи амрикоӣ хориҷ шудани Доналд Трамп аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро мояи беэътибор шудани Амрико донист.

Бен Кардин, сенатори аршади демократи аҳли иёлоти Мэриленд ва аз аъзои аршади Кумитаи равобити хориҷии Сенат дар гуфтугӯ бо нашрияи амрикоии vanity fair дар бораи хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо дастури Доналд Трамп гуфт: Ин иқдоми Трамп сиёсати бадест ва эътибори байналмилалии Амрикоро зери суол мебарад.

Кардин афзуд: Харҷ шудани Трамп аз тавофуқи ҳастаӣ ба истидлоли Эрон дар бораи беэътимодӣ ба Амрико ҷон ва эътибор дод.