Июл 19, 2016 14:35 Asia/Dushanbe
  • Хабари муҳими Эрдуғон дар бораи поёни ихтилофоти Туркия бо ҳамсоягонаш

Ҳамзамон бо афзоиши ихтилофоти дохилӣ дар Туркия, Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия аз тасмими ҷадиди давлаташ дар бораи канор гузоштани ихтилофот бо ҳамсоягонаш хабар дода ва гуфтааст ки ҷузъиёти ин тасмимро фардо баъд аз ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ эълом хоҳад кард.

Раиси ҷумҳурии Туркия гуфт, рӯзи чаҳоршанбе хабари муҳиме дар бораи канор гузоштани ихтилофот бо ҳамсоягонро эълом мекунад.
Ба гузориши "Форс", Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Истамбул афзуд: "Мо ҳар тавре ки шуда ба ин раванд ғалаба хоҳем кард ва давлати мо дар ҳоли омодасозии санади муҳиме аст ки баъд аз ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ тасмимоти муҳимеро эълом мекунем".

Раиси ҷумҳурии Туркия ҳамчунин дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии СНН, иддаоҳои матраҳшуда дар бораи намоишӣ будани кудатои нофарҷомро рад карда ва гуфтааст, ки ин иддаои кудаточиён аст ва ҳаргиз наметавон иҷоза дод ки теъдоди зиёде аз ғайринизомиён қурбонии як намоиш шаванд. 

Ҳамчунин гузоришҳои расонаӣ баёнгари он аст, ки дар идомаи раванди бархурд бо мухолифони давлати Туркия ва созмондиҳандагони кудатои нофарҷоми ахир, расонаҳо аз барканории беш аз 1500 нафар аз кормандони Вазорати дороӣ ва беш аз 8 ҳазор тан аз кормандони Вазорати кишвари Туркия хабар доданд.

Ин афрод ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҷумбиши "Хидмат", вобаста ба Фатҳуллоҳ Гюлен ва кудатои нофарҷом дар ин кишвар аз кор барканор шудаанд.

Дар пайи кудатои низомии нофарҷоми ҷумъашаби гузашта дар Туркия, мавҷи боздоштҳо ва поксозии мухолифони расиҷумҳурӣ ва давлати Туркия рӯ ба густариш аст.

Барчасп