Май 20, 2018 17:18 Asia/Dushanbe
  • Австралия ҳомии саҳюнистҳо дар куштори мусулмонони Фаластин

Австралия ва Амрико ба тарҳи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал барои анҷоми таҳқиқот дар бораи ҷиноёти саҳюнистҳо дар куштори мардуми Фаластин раъйи манфӣ доданд.  

Тарҳи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал тавассути 29 кишвар мавриди тайид қарор гирифта буд, аммо Амрико ва Австралия ҷузъи кишварҳое буданд, ки бо ин тарҳ мухолифат карданд.  

Канберра ба унвони муттаҳиди аслии Амрико дар ҳоле ба тарҳи Созмони милал барои анҷоми таҳқиқоти мустақил дар бораи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза раъйи манфӣ дод, ки низомиёни саҳюнист дар рӯзҳои ахир бо ҳамла алайҳи мусулмонони фаластинӣ даҳҳо фаластиниро шаҳид ва ҳазорон нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.

 

Барчасп