Дархости нахуствазири иёлатии Олмон барои ба расмият шинохтани Ислом
Нахуствазири иёлати Рейн – Вестфалия дар ғарби Олмон хостори он шуд, ки дини Ислом дар ин кишвар ба расмият шинохта шавад.
Ба гузориши пойггоҳи интернитии рӯзномаи “Ал Шарқулаваст”- чопи Лондон, Armin Lashk, нахуствазири иёлати Рейн – Вестфалия пурҷамъияттарин иёлати Олмон, якбори дигар аз ба расмият шинохта шудани дини Ислом дар Олмон монанди ба расмият шинохта шудани клисоҳои масеҳӣ ва анҷуманҳои яҳудӣ, ҳимоят кард.
Armin Lashk, ки муовини Ангела Меркел, садри аъзаим Олмон дар Ҳизби демократи масеҳӣ низ ҳаст, афзуд, хушҳол хоҳем шуд, агар Меркел моро дар талош барои расидан ба ин ҳадаф ҳимоят кунад.
Чанде пеш Ангела Меркел дар суханоне дар парлумони ин кишвар (Бундестаг) дасти дӯстӣ ба сӯи мусулмонони сокини Олмон дароз кард.
Меркел таблиғоти ростҳои ифротӣ ва популистҳо алайҳи Ислом ва мусулмононро рад кард ва гуфт, ҷамъияти панҷ миллионии мусулмонони Олмон бахши муҳимме аз ҷомеаи ин кишвар ҳастанд.
Теъдоди мусулмонон дар 28 кишвари Иттиҳоди Аврупо рӯ ба афзоиш аст.
Пешбинӣ мешавад, ҷамъияти мусулмонон дар Аврупо то соли 2050 байни 58 то 75 миллион нафар шавад.