Май 23, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бесобиқаи бомбаборони низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон

Манобеи хабарии Афғонистон аз афзоиши бомбаборони манотиқи мухталифи Афғонистон аз сӯйи нерӯҳои амрикоӣ хабар доданд.

Расонаҳои ҷамъии Афғонистон ба нақл аз артиши Амрико эълом карданд, низомиёни амрикоӣ дар моҳи апрел 562 бомба ва муҳиммот дар Афғонистон партоб кардаанд, ки ин мизон дар муқоиса бо як даҳаи гузашта бесобиқа будааст.

 Артиши Амрико ҳадаф аз афзоиши бомбаборони низомиёни амрикоиро саркӯби Толибон ва маҳдуд шудани ҳавзаи нуфузи ин гурӯҳ дар Афғонистон эълом кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши идораи бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон, мизони нуфуз ва тасаллути Толибон дар Афғонистон рӯ ба густариш аст.

16 ҳазор нафар аз беш аз 19 ҳазор низомии хориҷӣ, ки дар Афғонистон мустақаранд, амрикоӣ ҳастанд.

Ба эътиқоди бештари мардум ва масъулони Афғонистон, ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм то кунун дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои Афғонистон надошта ва ноамниҳо рӯз ба рӯз дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп