Трамп дидор бо Унро лағв кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34626-Трамп_дидор_бо_Унро_лағв_кард
Раисиҷумҳури Амрико дар номае хитоб ба раҳбари Кореяи Шимолӣ, нишасти барномареӣ шудаи дутараф дар Сингапурро лағв кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 24, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
  • Трамп дидор бо Унро лағв кард

Раисиҷумҳури Амрико дар номае хитоб ба раҳбари Кореяи Шимолӣ, нишасти барномареӣ шудаи дутараф дар Сингапурро лағв кард.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе бо фиристодани номае ба Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ, эълом кард, аз дидор ва нишасти 12 июн байни сарони ду кишвар мунсариф шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико дар номаи худ хитоб ба Ким Чен Ун навишт, баргузории чунин дидоре дар замон ҳозир, маъқул ва баҷо нест.

Дар ин нома ҳамчунин аз ибороте назири «хатари бисёрбузург» ва «хусумати ошкор» сӯҳбат шудааст. Доналд Трамп дар нома ба раҳбари Кореяи Шимолӣ, қудрати таслиҳоти ҳастаии Амрикоро ёдовар шудааст.

Лағви нишасти Сингапур дар ҳоле аст, ки Кореяи Шимолӣ рӯзи чаҳоршанбе бо таътили сайти Пунгери (Punggye-ri) дар шимоли шарқи ин кишвар ҳусни нияти худро нишон дод.

Кореяи Шимолӣ ҳамчунин ду ҳафтаи пеш се зиндонии амрикоиро, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда буд, озод кард ва ба ҳамроҳ Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, ки ба Пхенян сафар карда буд, ба Амрико бозгардонд.

Равобити Кореяи Шимолӣ ва Амрико аз ҳафтаи гузашта, ки Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико дар мусоҳибае гуфт, Вашингтон ба думболи «модели Либия» барои Кореяи Шимолӣ аст, таниш олуд шуд.

Пхенян ин изҳоротро хусуматомез хонд ва таъкид кард, ки барои дидор бо Трамп илтимос намекунад.