Афзоиши тадбирҳои амниятӣ дар шаҳрҳои мизбони Ҷоми Ҷаҳонии футбол
Бо наздик шудан ба мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол, ба дастури раиси ҷумҳурии Русия, тадбирҳои амниятии вижае дар шаҳрҳои мизбони ин мусобиқот ба иҷро гузошта шуд.
Ба гузориш ТВ-Сентр, ин тадбирҳои амниятӣ то 25 июли 2018 афзоиш меёбад, ба тавре ки дар истгоҳҳо ва терминалҳои қатори ин шаҳрҳо, борҳои ҳамаи мусофирон баррасии дақиқ мешавад.
Ҳамчунин афроде, ки қасди баргузории ҷамъомадҳо дар маконҳои умумии шаҳрҳои мизбонро доранд, ҳатман бояд иқдомоти худро бо вазорати кишвар ва созмонҳои амниятии Русия ҳамоҳанг кунанд.
Дар замони баргузории рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ, фурӯши силоҳ, маводи мунфаҷира ва маводи саммӣ, қарор гирифтани тарафдорони футбол дар наздикии маҳдудаҳои вижа ва фурӯши нушобаҳо дар зарфҳои шишаӣ дар шаҳрҳои мизбон, мамнуъ эълом шудааст.
Вазорати ҳамлу нақли Русия низ дар бархе шаҳрҳои мизбони Ҷоми Ҷаҳонӣ манъ ва маҳдудиятҳои парвозӣ дар назар гирифтааст.
Бистуякумин давраи мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии футбол 14 июн то 15 июл 2018 дар 11 шаҳри Русия аз ҷумла Маскав, Сочи, Қазон, Саранск ва Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд.