Покистониҳо явми такбирро гиромӣ доштанд
Май 28, 2018 11:54 Asia/Dushanbe
Мардуми Покистон рӯзи душанбе бистумин солрӯзи озмоиши ҳастаии ин кишварро бо унвони явми такбир ба сурати густарда ва миллӣ гиромӣ доштанд.
Мардуми Покистон дар бисёре аз шаҳрҳо аз ҷумла Исломобод, Равалпиндӣ, Лоҳур ва Карочӣ дар солрӯзи озмоиши ҳастаии ин кишвар ойинҳои мухталифе баргузор карданд.
Вазорати хориҷаи Покистон низ бо интишори баёнияе бар тааҳҳуди давлати ин кишвар бар таксир накардани силоҳи ҳастаӣ ва кумак ба барқарории сулҳу субот дар минтақа таъкид кард.