Май 29, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо бояд тавоноии иҷрои БарҶомро исбот кунад

Вазири умури хориҷаи Белгия тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом)-ро тавофуқ ва тааҳҳуди ҷаҳонӣ донист, ки Аврупо бояд тавоноии иҷрои онро исбот кунад.

Дидие Рейндерз, вазири умури хориҷаи Белгия бо эъломи ин ки тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як бисёр шаффоф ва тааҳҳуде аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, таъкид кард: Иттиҳоди Аврупо на танҳо дар бахши умумие монанди Бонки марказии Эрон ва Бонки сармоягузории Аврупо бо тарафи эронӣ ҳамкорӣ хоҳад кард, балки дар талош аст то ширкатҳои бузургро низ ба фаъолият дар Эрон ташвиқ кунад.

Агарчӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳаштуми май хуруҷи якҷонибаи худро аз БарҶом эълом кард, аммо давлатҳои аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо эълом карданд, ки ба ин тавофуқ пойбанд мемонанд.

 Аз ин рӯ, нишастҳо ва музокироти бисёре миёни тарафҳои аврупоӣ дар дохили Аврупо ва ҳамчунин нишастҳое бо ҳузури мақомоти эронӣ ва аврупоӣ дар мавриди чигунагии идомаи БарҶом дар ҷараён аст.

Давлати Эрон низ пайрави баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабнӣ бар ироаи тазминҳои лозим аз сӯйи Аврупо эълом кардааст, дар сурате дар БарҶом мемонад, ки тарафҳои аврупоии ин тавофуқ шомили Британия, Фаронса ва Олмон низ дар бораи таъмини манофеи Эрон тазмини амалӣ бидиҳанд.

Аврупо акнун дар садад аст то БарҶомро ҳифз кунад, зеро ин тавофуқнома аз абъоди мухталифе барои Аврупо дорои аҳамият аст. Яке аз муҳимтарин ангезаҳои Аврупо ҳифз истиқлоли худ дар баробари Амрико аст. Ҳифзи БарҶом мавқеияти хосе барои мақомоти аврупоӣ фароҳам мекунад, ки бо Трамп, ки беэътино ба манофеи он сӯйи Уқёнуси Атлантика ва сирфан бар асоси манофеъ ва сиёсатҳои худ аз БарҶом хориҷ шудааст, рӯёрӯии ҷиддӣ дошта бошад. Мақомоти аврупоӣ медонанд, дар сурати адами вокуниши муносиб ва пайравӣ аз хостаҳои таҳрими Вашингтон, на фақат Аврупо истиқлоли амали худро аз даст медиҳад, балки бахше аз манофеи тиҷорӣ ва иқтисодии худро низ аз даст хоҳад дод. Зимни ин ки лағв ва нобудии БарҶом табаоти густурдаи амниятӣ дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад дошт, ки эҳтимолан аврупоиҳо беш аз дигарон ҳазинаи онро хоҳанд пардохт.

Аз сӯйи дигар, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бузургтарин муваффақияте будааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳавзаи байналмилал ба даст овардааст.

Ба гуфтаи Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ кишваре наметавонад ба сурати якҷониба БарҶомро лағв кунад, зеро ин як тавофуқи дуҷониба нест, балки як мероси ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ ҳифзи он барои Аврупо аҳамияти дучандон дорад.

Мигел Ариас Конете, комиссари энержии Иттиҳоди Аврупо низ дар ин бора гуфт: Иттиҳоди Аврупо дар баробари фишорҳо ва хостаҳои Амрико аз Аврупо дар хусуси БарҶом хоҳад истод.

Агарчӣ аврупоиҳо дар ростои манофеи худ хоҳони ҳифзи БарҶом ҳастанд, бо ин ҳол нигарониҳое низ дар мавриди доштани тавон, имконот ва абзорҳои кофӣ ва муассир барои муқобила бо иқдомоти хасмонаи Амрико, ба вижа муқобила бо таҳримҳои сонавияи он алайҳи Эрон вуҷуд дорад. Маҷмӯи ин шароит боис шудааст то мақомоти Аврупо дар садади идомаи ройзаниҳо барои таъмини хостаҳои Эрон ва ҳифзи БарҶом бароянд. Дархости вазири умури хориҷаи Белгияро низ бояд дар ин росто арзёбӣ кард.

 

Барчасп