10 рӯзи дигар то дидори таърихии ду душмани дерина
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35038-10_рӯзи_дигар_то_дидори_таърихии_ду_душмани_дерина
Пас аз дидори рӯзи ҷумъаи фиристодаи вижа ва дастёри аршади раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Кохи Сафед бо раиси ҷумҳурии Амрико, Доналд Трамп эълом кард, раванди музокирот бо Кореяи Шимолӣ аз 12 –уми июн оғоз мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 02, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • 10 рӯзи дигар то дидори таърихии ду душмани дерина

Пас аз дидори рӯзи ҷумъаи фиристодаи вижа ва дастёри аршади раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Кохи Сафед бо раиси ҷумҳурии Амрико, Доналд Трамп эълом кард, раванди музокирот бо Кореяи Шимолӣ аз 12 –уми июн оғоз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ким Ёнг Чол дар ин дидор номаи маҳрамонаи раҳбари Кореяи Шимолиро ба Трамп таҳвил дод.

Трамп пеш аз ин нишаст бо раҳбари Кореяи Шимолиро бекор кард ва дубора барқарории онро хостор шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои амрикоӣ, ки масъули омодасозии ин нишаст дар Сингапур ҳастанд, бо мушкилӣ дар бораи пардохти ҳазинаҳои иқомати раҳбари Кореяи Шимолӣ дар меҳмонхонаи маҳалли баргузории нишаст рӯбарӯ шудаанд.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навиштааст, давлати Амрико, ки бо касри будҷет рӯбарӯст, ба дунболи як кишваре хориҷӣ барои пӯшиши ҳазинаҳои марбут ба иқомати Ким Чунг Ун дар Сингапур аст.

Ҳазинаи иқомати ҳар шаб дар суит (сароча)-и раёсати ҷумҳурӣ дар меҳмонхонаи панҷситораи “Фуллертон” дар Сингапур ҳудуди 6000 доллар хоҳад буд.

Ин рӯзнома ҳамчунин навишт, ҳайати Кореяи Шимолӣ барои сафар ба Сингапур мумкин аст аз ҳавопаймо ва аз як кишвари дигар иқдом кунад.

Мақомҳои амрикоӣ ба дунболи дархост аз Сингапур ҳастанд то ба унвони кишвари мизбон ҳазинаҳоро пӯшиш диҳад.