Июн 03, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 180 фаластинӣ аз замони тасмими Трамп зидди Қудс

Маркази пажӯҳишҳои Қудс эълом кард: Режими саҳюнистӣ аз замони эъломи тасмими Доналд Трамп зидди Қудс, то кунун 187 шаҳрванди фаластиниро ба шаҳодат расондааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, раиси ҷумҳурии Амрико, шашуми декабри 2017 Қудсро ба унвони пойтахти Исроил муаррифӣ ва ҳамзамон дар 14 майи 2018, бо вуҷуди мухолифатҳои шаҳрвандони фаластинӣ ва бисёре аз кишварҳо, сафорати худро аз Телавив ба Қудси ишғолӣ интиқол дод.

 Маркази пажӯҳишҳои Қудс дар гузорише тасреҳ кард: Дар миёни шаҳидон, 31 кӯдак, ду рӯзноманигор ва як парастор низ мушоҳида мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки танҳо дар рӯзи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс дар солрӯзи накбат (14 моҳи май) дасти кам 59 фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнист шаҳид ва ду ҳазору 771 нафар маҷруҳ шуданд.

Ҳамчунин аз шашуми декабр то кунун, беш аз 13 ҳазор фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ захмӣ шуданд.

 

Барчасп