Июн 03, 2018 14:49 Asia/Dushanbe
  • Мазлумияти Фаластин ва иддаоҳои Амрико дар бораи ҳуқуқи башар

Иқдомоти зиддибашарии Исроил алайҳи миллати Фаластин аз масоиле аст, ки борҳо дар дастури кори Шӯрои ҳуқуқи башар ва Маҷмаи умумии Созмони Милал қарор гирифта, аммо ҳамеша мудохилаи Иёлоти Муттаҳида монеъ аз ба натиҷа расидани маҳкумияти ҷаҳонӣ дар ин хусус шудааст. Амрико дар мувоҷиҳа бо ин масоил аз қудрати асаргузории худ ба нафъи Исроил истифода мекунад.

Амрико дар мавриди мавзеъгирии Шӯрои ҳуқуқи башар алайҳи иқдомоти Исроил дар Фаластини ишғолӣ расман эълом кардааст, ки дар дастури кор қарор гирифтани масъалаи вазъияти ҳуқуқи башар дар Фаластин ва дигар арозии арабии ишғолшуда таҳдид алайҳи эътибори ин ниҳод аст. Ҳудуди як сол қабл Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ба Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон муҳлат дод, ё ба интиқод аз Исроил поён диҳанд ва ё мунтазири хурӯҷи Амрико аз ин шӯро бошад. Ин қатънома хостори хориҷ кардани банди ҳафтуми марбут ба вазъияти ҳуқуқи башар дар арозии ишғолии Фаластин аз дастури кори нишастҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал буд.

Маҷаллаи «Foreign Policy» навишт: "Баъд аз мухолифати кишварҳои аврупоӣ бо раъйгирӣ бар сари қатъномае дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, ки хостори хориҷ кардани Исроил аз мавзӯоти дар дастури кори Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон аст, Вашингтон мунзавӣ монда ва ба хурӯҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал наздиктар шудааст". Ҳимояти Амрико аз муттаҳидонаш алорағми рафторҳои зиддиҳуқуқибашарии онҳо нишондиҳандаи стандартҳои дугонаи ин кишвар дар бархӯрд бо меъёрҳои байналмилалӣ аст. Таҳдиди Кохи Сафед ба қатъи кумакҳои молии ин кишвар ба Созмони Милал пас аз тасвиби қатъномае дар Шӯрои амният дар мухолифат ба шаҳраксозии режими саҳюнистӣ яке аз иқдомоти Вашингтон дар ин хусус будааст. Луис Шаробонео, намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар дар Созмони Милал мегӯяд: "Амрико бо коршиканӣ дар талоши Шӯрои амният барои ташкили як кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ ба манзури таҳқиқ дар бораи куштори тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар марзҳои Ғазза эътибори худро аз даст додааст". Сукут ва кӯтоҳии Шӯрои амният дар ин замина на танҳо мунҷар ба ташвиқи нақзи ҳуқуқи фаластиниҳо тавассути Исроил дар навори Ғазза хоҳад шуд, балки бо намоён шудани меъёрҳои дугонаи Амрико ин кишвар бештар аз қабл эътибори худро аз даст хоҳад дод.

Аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум то кунун Исроил бузургтарин дарёфткунандаи кумакҳои низомӣ аз Иёлоти Муттаҳида будааст. Бар асоси гузориши Маркази пажуҳишҳои Конгресси Амрико, кумакҳои низомии Амрико ба Исроил баробар бо 53 дарсади тамоми кумакҳои низомии хориҷии ин кишвар аст. Маҷмӯи тамоми кумакҳои Вашингтон ба Телавив аз замони эҷоди режими саҳюнистӣ то кунун болиғ бар 124 миллиард доллар будааст. Ҳудуди аз чор се ҳиссаи ин кумакҳо сарфи хариди таҷҳизоти низомӣ аз ширкатҳои амрикоӣ шуда ва бақияи он низ барои хариди таҷҳизоти ҷангӣ аз ширкатҳои мустақар дар Фаластини ишғолӣ истифода шудааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар баёноти ахирашон таъкид карданд, набояд гузошт, ки империяи хатарноки таблиғотии Ғарб, ки умдатан ба дасти саҳюнистҳо идора мешавад, масоили муҳими дунёи Исломро нодида бигирад ва бо тавтеаи сукут масоили аслии уммати исломиро маҳв кунад.

 

Барчасп