Июн 04, 2018 16:56 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо кушта ва захмӣ дар ду инфиҷор дар Кобул

Шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон имрӯз шоҳиди ду инфиҷор бо даҳҳо кушта ва захмӣ буд.  

Субҳи имрӯз ҳангоми хориҷ шудани уламои динӣ аз маҳалли Лояи Ҷиргаи Кобул пас аз ширкат дар нишасте ба номи "Барои сулҳ", як террористи интиҳорӣ худро дар маҳалл мунфаҷир кард, ки дар натиҷа ҳашт нафар кушта ва 20 нафар низ захмӣ шуданд.

Эҳтимол дорад, шумори қурбониёни ин инфиҷор афзоиш ёбад.

 

Барчасп