Сентябр 04, 2016 11:14 Asia/Dushanbe
  • Бангладеш яке аз мақомоти аршади Ҳизби ҷамоати исломиро эъдом кард

Бангладеш шаби шанбе Мирқосим Алӣ, яке аз мақомоти барҷастаи Ҳизби ҷамоати исломиро, ки яке аз бузургтарин аҳзоби ин кишвар аст, ба иттиҳоми содир кардани ҷиноёти ҷангӣ дар ҷараёни ҷанги истиқлол аз Покистон дар соли 1971 эъдом кард.

Ба гузориши ИРНА, ин иқдоми Бангладеш метавонад ба вокуниши хашмгинонаи мусалмонони ҳаводори раҳбари эъдомшуда мунҷар шавад.

Мирқосим Алии 63-сола, таъминкунандаи молии калидии Ҳизби ҷамоати исломӣ ба ҷурми қатл, маҳбус кардан, шиканҷа ва таҳрик, нафрати мазҳабӣ дар ҷараёни ҷанги ҷудоӣ аз Покистон эъдом шуд. Ин эъдом дар авҷи як силсила ҳамалоти ғайрнизомиён сурат гирифт, ки ҷиддитарини он дар аввали июл анҷом шуд ва тайи он мардони мусаллаҳ бо вуруд ба як қаҳвахона дар бахши дипломатии Дакка 20 гаравгонро куштанд.