Июн 09, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Оташбас дар Афғонистон аз сӯйи Толибон

Толибони Афғонистон ба муносибати иди саиди Фитр оташбас эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, гурӯҳи Толибон рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, ба муносибати иди саиди Фитр се рӯз оташбас дар Афғонистон эълом мекунад.

Пеш аз ин раиси ҷумҳурии Афғонистон аз бистуҳафтуми моҳи мубораки Рамазон ( 12-уми июн) то панҷ рӯз пас аз иди саиди Фитр оташбас эълом карда буд.

Муҳаммад Ашрафғанӣ аз тамоми нерӯҳои амниятии Афғонистон хост, дар ин муддат амалиёт алайҳи мавозеи гурӯҳҳои мухолиф, аз ҷумла Толибонро мутаваққиф кунанд.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон хотирнишон кард, ДИИШ, Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористии хориҷӣ аз оташбаси давлати Афғонистон мустасно ҳастанд ва амалиёти саркӯби ин гурӯҳҳо идома меёбад.

Шӯрои уламои Афғонистон ҳам ба тозагӣ дар нишасте дар Кобул аз тарафҳои даргири оташбас, поёни ҷанг ва хушунатро хостор шуда буд.

 

Барчасп