Июн 09, 2018 18:26 Asia/Dushanbe
  • Баргузории роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шаҳрҳои мухталифи Амрико

Гурӯҳҳои мухталифи мардуми Амрико ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва дар эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён, роҳпаймоӣ карданд.

Ин роҳпаймоӣ дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии қудс ва дар Вашингтон, пойтахт ва дигар шаҳрҳои Амрико баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот бо дар даст доштани плакатҳо ва сардодани шиорҳое, бар лузуми таваққуфи ишғолгарии Исроил ва ҷиноёти ин режими зидди фаластиниён, таъкид карданд.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин аз Трамп хостанд ба ҷойи ҳимоят аз ҷиноёти Исроил, аз оворагони фаластинӣ ва бозгашти онҳо ба ватанашон ҳимоят кунад.

Амрико ҳамвора ҳомии ҷиноёти режими саҳюнистӣ, зидди фаластиниён ва шарики ин режим дар нақзи ҳуқуқи башар будааст.

 

Барчасп