Шарти Путин барои беҳбуди равобити Русия ва Амрико
(last modified Sat, 09 Jun 2018 13:44:24 GMT )
Июн 09, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Шарти Путин барои беҳбуди равобити Русия ва Амрико

Раисиҷумҳури Русия, шарти беҳбуди равобит бо Амрикоро тағйир равияи Кохи Сафед эълом кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Вести” бо баёни ин ки “тӯп дар замини бозии Амрико қарор дорад”, дар бораи имкони дидораш бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар, гуфт, дар дидорҳои қаблӣ бо Трамп фурсате барои музокира дар мавриди равобити ду кишвар набуд.

Раисиҷумҳури Русия афзуд, вазъи Кохи Сафед ҳамвора монее дар беҳбуди равобити Маскав ва Вашингтон будааст.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия дидори Трамп ва Путинро қатъӣ донистааст.

Охирин дидори сарони Русия ва Амрико соли гузашта (2017) баргузор шуд, Трамп ва Путин дар ҳошияи нишасти аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё (ОПЕК) дидори кӯтоҳе доштанд.

Ҳамзамон бо мавзеъгирии Путин дар бораи шарти беҳбуди равобит бо Амрико, Кохи Кремл низ дархости Трампро барои бозгашти Русия ба Гурӯҳи кишварҳои санъатӣ, рад кард.

Дар давраи раёсатҷумҳурии Трамп, таниш дар равобити Вашингтон- Маскав ташдид шуд ва Амрико чандбаста таҳрим алайҳи Русия вазъ кард, ки вокуниши русҳоро дар пай дошт.