Ихроҷи сармураббии тими ҳарифи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии Русия
Июн 13, 2018 16:54 Asia/Dushanbe
Сармураббии тими милли футболи Испания, ки ҳамгурӯҳи Эрон аст, дар остонаи оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия аз мақоми худ истеъфо дод.
Луис Рубалес, раиси Федератсияи футболи Испания дар конфронси матбуотӣ аз барканории сармураббии тими футболи ин кишвар хабар дод.
Вай гуфт: “Мо аз Ҷулен Лопетеги, ба хотири тамоми корҳое, ки барои тими миллӣ анҷом додааст, сипосгузорем. Ӯ ба тим кумак кард, то ба Ҷоми ҷаҳонии Русия роҳ ёбад, аммо мо бояд ӯро ихроҷ кунем”.
Қарордоди мураббии 51 сола бо тими милли Испания то тобистони 2020 буд, аммо 12 июн эълом шуд, ки Лопетеги мураббигарии тими Реали Мадридро пазируфтааст.
Барчасп