Трамп: Имшаб роҳат бихобед!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35594-Трамп_Имшаб_роҳат_бихобед!
Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, таҳдиди ҳастаии Кореяи Шимолӣ, дигар вуҷуд надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 13, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Имшаб роҳат бихобед!

Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, таҳдиди ҳастаии Кореяи Шимолӣ, дигар вуҷуд надорад.

Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттери худ навишт: “Пеш аз раёсатҷумҳурии ман, тасаввури ҳама ин буд, ки бо Кореяи Шимолӣ даргири ҷанг мешавем. Раисҷумҳур Обама гуфта буд, Кореяи Шимолӣ бузургтарин ва хатарноктарин мушкили мост. Дигар ин тавр нест. Имшаб роҳат бихобед”!

Раисҷумҳур дар мусоҳиба бо Фокс Ниюз низ Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолиро фарде қавӣ ва музокиракунандае бузург ва бисёр боҳуш тавсиф кард.