Июн 16, 2018 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раҳбарони Туркия ва Қатар аз қатъномаи ҳимоят аз Фаластин

Раисиҷумҳури Туркия ва амири Қатар дар гуфтугӯи телефонӣ, аз тасвиби қатъномаи байналмилалӣ "ҳимоият аз фаластиниён" истиқбол карданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад рӯзи шанбе дар гуфтугӯи телефонӣ ба муносибати Иди Фитр бо истиқбол аз тасвиби қатъномаи байналмилалии ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Маҷмааи умумии Созмони Милал дар ҳимоят аз миллати Фаластин, дар бораи масоили муҳимми муштараки минтақаӣ низ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Рӯз чаҳоршанбе (13 июн) Маҷмааи умумии Созмони Милал, пешнависи қатъномаи байналмилалии ҳимоят аз фаластиниён дар арозии ишғолиро ба тасвиб расонд, ки пешниҳоддиҳандагони он, Туркия ва Алҷазоир буданд.

Ин қатъномаи байналмилалӣ ба думболи қатли оми фаластиниён дар рӯзҳои 14 ва 15 май аз сӯи режими саҳюнистӣ ва ҳамзамон бо интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудс, матраҳ шуд.

Ин қатънома чаҳоршанбеи гузашта бо 120 раъйи мувофиқ, 8 раъйи мухолиф ва 45 раъйи мумтанеъ дар Маҷмааи умумии Созмони Милал ба тасвиб расид.

Дар ин қатънома, режими саҳюнистӣ ба унвони масъули куштори фаластиниҳо дар борикаи Ғазза, муаррифӣ ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хоста шуд, тадобиреро барои муҳофизат аз ғайри низомиёни фаластинӣ иттихоз кунад.

 

Барчасп