60 кушта ва захмӣ дар инфиҷори террористии Нангарҳор
(last modified Sun, 17 Jun 2018 03:56:48 GMT )
Июн 17, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • 60 кушта ва захмӣ дар инфиҷори террористии Нангарҳор

Мақомоти амниятии Афғонистон шанбешаб эълом карданд, дар инфиҷори террористии вилояти Нангарҳори Афғонистон, 26 нафар кушта ва 34 нафар захмӣ шуданд.

Асри шанбе як бомба дар нишасти гурӯҳе аз аъзои Толибон ва неруҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар мунфаҷир шуд ва гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда гирифт.

Ин инфиҷор замоне рӯй дод, ки ҷамъе аз ғайринизомиҳо, неруҳои давлатӣ ва аъзои Толибон дар шаҳри Ғозиамонуллоҳи шаҳристони Рӯдоти вилояти Нангарҳор гирдиҳам омада буданд то дар сояи оташбаси эъломшуда, ҷашни иди саиди Фитрро баргузор кунанд.

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, шанбешаб инфиҷори террористии вилояти Нангарҳори Афғонистонро маҳкум ва бо давлат ва миллати ин кишвар ибрози ҳамдардӣ кард.

Давлати Афғонистон аз рӯзи сешанбе (12 июн) ба муносиби иди саиди Фитр ба муддати як ҳафта бо гурӯҳи Толибон оташбас барқарор кардааст.

Рӯзи ҷумъа дар Афғонистон иди саиди Фитр буд.

Дар пайи эъломи оташбаси давлати Афғонистон, гурӯҳи Толибон низ эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дар таътилоти серӯзаи иди саиди Фитр дар ин кишвар бо неруҳои амниятии афғон оташбас барқарор мекунад.