Афзоиши табъиз зидди мусулмонон дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35756
Як маҷаллаи бритониёӣ аз густариши табъиз зидди мусулмонон дар Амрико хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 17, 2018 12:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши табъиз зидди мусулмонон дар Амрико

Як маҷаллаи бритониёӣ аз густариши табъиз зидди мусулмонон дар Амрико хабар дод.

Ба гузориши ҳафтаномаи бритониёии Экономист, мусулмонон дар ин кишвар худро шаҳрвандони дараҷаи дуввум ва поинтар аз сиёҳпӯстон ва ҳатто ҳамҷинсгароҳо медонанд.

Экономист бо ишора ба иқдомоти давлати Трамп дар густариши эҳсосоти зиддиисломӣ менависад, назарсанҷии маркази "YOUGOV" нишон медиҳад, 18 дарсади амрикоиҳо аз мамнуъияти мушорикати мусулмонон дар интихобот ҳимоят мекунанд.

Ҳамчунин 48 дарсади амрикоиҳо аз пешниҳоди Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷилавгирӣ аз сафари шаҳрвандони кишварҳои исломӣ ба Амрико, ки декабри 2015 эълом шуд, ҳимоят карданд.

 Экономист ба қудрат расидани Тромпро аз муҳимтарин омилҳои бештар шудани исломситезӣ дар Амрико баршумурдааст.

Оморҳои расмӣ низ нишон медиҳад, исломҳаросӣ ва хушунатҳои бархоста аз он дар Амрико аз замони роҳёбии Трамп ба Кохи Сафед афзоиш ёфтааст.