Июн 17, 2018 13:00 Asia/Dushanbe
  • Изҳори назари вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар бораи Месси!

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар бораи пеналтии аздастрафтаи Лионел Месси ситораи футболи Аргентина изҳори назари аҳмақонае кард.

Ба гузориши шабакаи ал-Олам, Лионел Месси ситораи футболи ҷаҳон рӯзи шанбе дар нахустин дидори Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия муқобили Исландия як зарбаи пеналтиро аз даст дод то дар ниҳоят Аргентина ба мусовии як бар як даст ёбад.

 Авигдор Либерман вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар изҳори назаре аҳмақона дар мавриди Лионел Месси гуфт: Агар Аргентина муқобили Исроил бозии дӯстона анҷом медод, Месси бо омодагии бештар вориди Ҷоми ҷаҳонӣ мешуд, вале Месси ба далели надоштани омодагии лозим, он пеналтиро аз даст дод.

Таҳти фишорҳои густурдаи байналмилалӣ ва дар пайи эътирозоти шадиди фаластиниён ва ҳомиёни онон дар саросари ҷаҳон, бозии дӯстонаи тими футболи Аргентина бо тими режими саҳюнистӣ, ки қарор буд рӯзи 9 июн қабл аз Ҷоми ҷаҳонии 2018 дар Қудси ишғолӣ баргузор шавад, лағв шуд.

 

Барчасп