Тамдиди оташбаси якҷонбаи давлати Афғонистон бо Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35760-Тамдиди_оташбаси_якҷонбаи_давлати_Афғонистон_бо_Толибон
Раисҷумҳури Афғонистон дар паёми видеоие аз тамдиди оташбаси якҷонба бо гурӯҳи Толибон хабар дод. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хотирнишон кард, ба нерӯҳои амниятии афғон дастур додааст, то оташбаси кунуниро аз рӯзи чаҳоруми Иди саиди Фитр тамдид кунанд. Вай аз гурӯҳи Толибон низ хост, оташбаси серӯзаи худро тамдид кунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 17, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди оташбаси якҷонбаи давлати Афғонистон бо Толибон

Раисҷумҳури Афғонистон дар паёми видеоие аз тамдиди оташбаси якҷонба бо гурӯҳи Толибон хабар дод. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хотирнишон кард, ба нерӯҳои амниятии афғон дастур додааст, то оташбаси кунуниро аз рӯзи чаҳоруми Иди саиди Фитр тамдид кунанд. Вай аз гурӯҳи Толибон низ хост, оташбаси серӯзаи худро тамдид кунад.

Давлати Афғонистон аз 12-уми июн ба муносибати Иди Фитр ба муддати як ҳафта бо гурӯҳи Толибон оташбас эълом кард. Ин гурӯҳ низ ҳарчанд ба муддати камтар, аммо он ҳам оташбас эълом кард. Бо таваҷҷуҳ ба истиқболи дохилӣ, минтақаӣ ва байналамилалӣ аз барқарории оташбас дар Афғонистон миёни гурӯҳи Толибон ва давлати Кобул Муҳаммад Ашраф Ғанӣ онро тамдид кард. Вай умедвор аст, посухи мусбати Толибон ба ин тасмим мунҷар ба заминасозӣ барои тафоҳум ва тақвияти раванди сулҳ дар Афғонистон мешавад. Ҳамлаи ахири гурӯҳи террористии ДИИШ ба маросими ҷашни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатӣ ба муносибати Иди Фитр дар Нангарҳор нишон медиҳад, ки душмани муштараки инҳо террористҳое ҳастанд, ки бо номи ДИИШ ононро ҳадаф қарор медиҳанд. Бинобар ин тамдиди оташбас метавонад ин фурсатро барои гурӯҳи Толибон фароҳам кунад, ки бо диди бозтар авзои Афғонистонро расад намояд ва барои ояндаи таҳаввулоти он тасмимгирӣ намояд. Атиқуллоҳ Амирхел, коршиноси масоили низомӣ дар Афғонистон мегӯяд: "Ин тасмими Ашраф Ғанӣ бисёр баҳангом ва дуруст аст. Ҳам аз лиҳози замоне, ки мутобиқ бо иди бузурги мусалмонон буд ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва байналмилалӣ, ки бо ҳимояти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мувоҷеҳ шуд. Ин ибтикор муассир аст".

Дар шароите ки давлати Афғонистон барои гуфтугӯ бо Толибон комилан омодааст ва эълом карда, ки ҳозир аст, имтиёзотеро низ ба ин гурӯҳ, аз ҷумла эҷоди дафтари сиёсӣ дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон бидиҳад, тамоили Толибон барои гуфтугӯ бо Амрико на танҳо муғойир бо шиорҳои ин гурӯҳ барои дифоъ аз манофеи миллӣ аст, балки метавонад мавқеияти Толибонро низ назди мардуми Афғонистон тахриб кунад. Изҳороти Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон мабнӣ бар ин ки Амрико ба мардуми ин кишвар ва минтақа хиёнат кардааст, нишон медиҳад, ки Толибон барои наздик шудан ба Амрико роҳи хатоеро дар пеш гирифтааст. Ваҳид Мужда, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, "дар Афғонистон хатари ДИИШ вуҷуд дорад ва худи амрикоиҳо мусаббаби он ҳастанд. Дар воқеъ, омили аслии мушкилоти Афғонистон ҳузури низомии Амрико аст, ки бояд бо ҳамкории ҳама авомили дохилӣ ҳал шавад ва оташбас фурсати муносибе дар ин хусус аст".

Ба ҳар ҳол, истиқбол ва ҳимояти Толибон аз оташбас нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ низ бемайл барои ҳаракат ба самти музокира бо давлати Афғонистон нест. Дар ин сурат интизороти Толибон, аз ҷумла хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон низ бароварда хоҳад шуд, зеро бо барқарории сулҳ дар ин кишвар Амрико дигар баҳонае барои идомаи ишғоли Афғонистон нахоҳад дошт.