Трамп ва хонаводааш ба марг таҳдид шуданд
Июн 17, 2018 17:44 Asia/Dushanbe
Сафири Амрико дар Канада як бастаи постии ҳовии таҳдид ба марг ва як моддаи ношинос ба шакли хокаи сафедранг дарёфт кард.
Шабакаи Блумберги Амрико гузориш кард, ки ин бастаи постӣ, ки ба адреси Келли Крофт, сафири Амрико дар Канада воқеъ дар сафорати Амрико дар шаҳри Оттава пост шуда, ҳовии номае буда, ки дар он таҳдиди марг алайҳи Келли Крофт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва аъзои хонаводаи Трамп вуҷуд доштааст.
Як мақоми сафоратхонаи Амрико гуфт: Ин баста ибтидо тавассути як корманди бахши марбут ба дабирхонаи сафоратхона кашф шудааст. Баъд аз ин кашф сафорати Амрико мавзуъро ба полиси Канада иттилоъ дода ва сипас озмоишоти тахассусӣ мушаххас кард, ки ин хокаи сафед зараре надоштааст.