Июл 19, 2016 18:50 Asia/Dushanbe
  • TAJIK.IRIB.IR
    TAJIK.IRIB.IR

Дар пайи ташдиди ҳамалоти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, сухангӯи ин гурӯҳ муддаии тасарруфи шаҳристони Сангин дар устони Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби ин кишвар шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддао кард, нерӯҳои ин гурӯҳ бо ҳамлаи густарда ба шаҳристони Сангин дар устони Ҳилманд, ин шаҳристонро бори дигар ба тасарруфи худ дароварданд. Муҷоҳид гуфт, дар ҳамлаи нерӯҳои Толибон, марокизи муҳим ва роҳбурдии ин шаҳристон аз ҷумла биноҳои фармондорӣ, фармондеҳии амниятӣ ва посгоҳҳои шаҳристони Сангин ба тасарруфи ин гурӯҳ даромад.

Вай ҳамчунин аз муҳосираи минтақаи Қалъаи Зол-дар устони Қундӯз дар шимоли Афғонистон хабар дод. Ин дар ҳолест, ки пулиси Афғонистон эълом кардааст, ҳамалоти Толибон ба минтақаи Қалъаи Зол хунсо шуда ва 6 нафар аз аъзои Толибон низ кушта шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки гузоришҳо аз ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии артиши Афғонистон алайҳи мавозеи нерӯҳои Толибон дар ҷануби ин кишвар ҳикоят дорад. Ба гуфтаи масъулони устони Ҳилманд, дар ҳамалоти шадиди ҳавоӣ ва заминии нерӯҳои артиши Афғонистон алайҳи махфигоҳҳои Толибон дар ин устон, 31 нафар аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд. Дар ин ҳамалот ҳамчунин миқдоре муҳимот ва маводи мунфаҷираи Толибон мунҳадим шуд.

Шӯрои устонии Урузгони Афғонистон аз ҳамалоти густардаи гурӯҳи Толибон ва эҳтимоли суқӯти бештари шаҳристонҳои ин устон хабар дод. Муҳаммадзоҳир Нодирӣ- узви Шӯрои устонии Урузгон эълом кард, ба далели ҳамалоти густардаи Толибон тамоми шаҳристонҳои ин устон дар маърази хатари суқӯт қарор доранд. Ин дар ҳоле аст, ки нерӯҳои амниятӣ ва низомии афғон муддаӣ ҳастанд, ки гурӯҳи Толибонро водор ба ақибнишинӣ кардаанд.

Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, дар амалиёти 24 соати гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар, 58 узви гурӯҳи Толибон кушта, 28 тан захмӣ ва 10 нафар аз онҳо низ дастгир шуданд.

Дар ин амалиёт, ки дар устонҳои Нангарҳор, Ғазнӣ, Пактико, Лугар, Зобул, Бодғис, Самангон, Ҷавзҷон, Тахор, Қундӯз ва Ҳилманд анҷом шуд, миқдоре муҳимот ба дасти нерӯҳои артиш афтод.

Гурӯҳи Толибон бо гӯшудани ҷабҳаҳои ҷадид ва ташдиди ҳамалот дар манотиқи мухталиф мекушад, артиши Афғонистонро замингир кунад. Дар ин ҳол мақомҳои Афғонистон аз ноком мондани ҳамлаи гурӯҳи террористии Ҳақонӣ ба нерӯҳои амниятии ин кишвар хабар доданд. Ба гуфтаи мақомҳои Афғонистон, яке аз аъзоии гурӯҳи террористии Ҳақонӣ пеш аз ҳамла ба худрави ҳомили нерӯҳои амниятӣ дар минтақаи 9-и пулис дар шаҳри Қандаҳор, ҳадаф қарор гирифт ва кушта шуд.

Мақомҳои Афғонистон афзуданд, муҳоҷимон ду нафар буданд, ки яке аз онҳо пас аз ноком мондани ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ аз маҳал гӯрехт.

Хабари дигар ба нақл аз сухангӯи устондори Нангарҳор ҳокист, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ба дастури дастгоҳи иттилооти низомии Покистон дар ин устон меҷанганд. Атоуллоҳ Хугиёнӣ гуфт,  аснод ва мадорикеро бадаст оварда, ки нишон медиҳад, ДИИШ бо ҳидояти мустақими Созмони иттилооти артиши Покистон дар ин устон меҷанганд. Боз шудани ҷабҳаҳои мухталиф дар Афғонистон, артиши ин кишварро барои муқобила бо террористҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ ва хушунатталаб бо душвории ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

 

Барчасп