Июн 20, 2018 11:15 Asia/Dushanbe
  • Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башар ҳам хориҷ шуд

Амрико дар ростои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ, аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хориҷ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Майк Пампео, вазири хориҷа ва Никки Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид асри сешанбе (ба вақти маҳаллӣ) бо қироати як баёнияи матбуотӣ, тасмими давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар хуруҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид эълом карданд.

Пампео ва Никки Ҳейли Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро, ки 47 узв дорад, ба душманӣ бо режими саҳюнистӣ муттаҳам карданд.

Хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баъд аз нокомии ин кишвар дар хориҷ кардани режими саҳюнистӣ аз дастури кори доимии ин шӯро сурат мегирад.

Билофосила пас аз эъломи хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, намояндаи режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал аз ин иқдоми Амрико истиқбол ва Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал аз он ибрози таассуф кард.

Амрико пештар низ дар ростои ҳимоят аз режими кӯдаккуши саҳюнистӣ аз Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) хориҷ шуда буд.

Вазорати хориҷаи Амрико ба ин баҳона, ки ЮНЕСКО душмани Исроил аст, эълом кард, аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд ва ин иқдоми Вашингтон 31-уми декабри соли 2017 иҷро шуд.

ЮНЕСКО дар қатъномае таъкид карда буд, Исроил ҳеҷ моликияте бар Байтулмуқаддас надорад ва дар қатъномае дигар режими саҳюнистиро ба нақзи меъёрҳои байналмилалӣ маҳкум ва онро “нерӯи ишғолгар” хонда буд.

 

Барчасп