Берун кардани сухангӯи Кохи Сафед аз ресторане дар Амрико
Сухангӯи Кохи Сафед ҳаммонанди вазири амнияти миллии Амрико ба ҳангоми ҳузур дар як ресторани умумӣ, бо вокуниши манфӣ ру ба ру шуд ва бо дархости соҳиби ресторан маҷбур ба тарки ин макон шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Сара Сандерз, ки аз наздиктарин ашхос ба Доналд Трамп ба ҳисоб меояд шаби гузашта барои сарфи шом ба ҳамроҳи хонаводааш ба яке аз ресторанҳои Вашингтон Ди. Си. рафта буд, ки соҳиби ресторан аз онҳо мехоҳад маҳалли касбу корашро тарк кунанд.
Ин хабарро яке аз пешхизматҳои ресторан Ред Ҳен дар саҳифаи Твиттераш навиштааст.
Худи Сара Сендерз ҳам ин хабарро дар Твиттер таъкид карда ва навиштааст:
"Ба хотири инки барои раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида кор мекунад, соҳиби ресторан аз ман хост, ки онҷоро тарк кунам ва ман ҳам муаддабона аз онҷо берун омадам; рафтори ӯ беш аз онки нишондиҳандаи шахсияти ман бошад нишондиҳандаи шахсяти ӯ аст".
Сара Сандерз 35 сола ва дуввумин сухангӯи Кохи Сафед дар давраи зимомдории Трамп аст.
Пеш аз ӯ Шан Спайсер дар ин мақом буд, ки ҳаммонанди Сандерз рафтораш чандон матлуби хабарнигорон ба вижа хабарнигорони расонаҳои мухолифи Трамп набуд.
Ҷудо кардани кудакони ғайриқонунӣ аз волидайнашон ба далели манъи қонуни ҳузури кудакон ва боздоштгоҳ, барои давлати Трамп дардисарсоз шуда ва вокуниши манфии афкори умумии кишварашро дар пай доштааст.
Чанд рӯзи пеш ҳам Кристиан Нилсон вазири амнияти дохилии Амрико, ки иҷрои сиёсатҳои сахтгиронаи зиддимуҳоҷиратии давлати Доналд Трампро ба уҳда дорад, пас аз ҳузур дар як ресторани мекзикаӣ дар Вашингтон Ди. Си. бо фарёдҳои эътирози мардум ру ба ру ва ниҳоятан маҷбур ба тарки ресторан шуд.