Июн 24, 2018 14:04 Asia/Dushanbe
  • Музейҳои Маскав пур аз тарафдорони футбол шуд

Музейҳои Маскав пойтахти Русия пур аз тарафдорони тимҳои миллии кишварҳои мухталиф шудааст, ки барои ҳимоят аз тими кишварашон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 сафар кардаанд.

Ба нақл аз сервиси матбуотии музейҳои Маскав, мизони боздид аз маҷмуаи Кохи Кремлин дар як ҳафтаи нахусти Ҷоми ҷаҳонӣ нисбат ба соли гузашта ба дуввуним баробар афзоиш ёфтааст.

Бештарин боздид шомили музейи таърих, маҷмуаи Калисои Майдони Сурх ва музейи Пирӯзӣ будааст.

роҳнамои савтии Кохи Кремлин ба шаш забон суҳбат мекунад, ки ба боздидкунандагон кумак мекунанд беҳтар аз воқеъаҳои таърихӣ иттилоъ пайдо кунанд

Бисту якумин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол рӯзи панҷшанбе 14-уми июн дар Русия оғоз шуд ва шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Калининград, Нежни Новоград, Қазон, Самара, Саранск, Волгаград,Ростов-на-Дону , Сочӣ ва Йикатерингбург мезбони ин давра аз мусобиқаҳо ҳастанд.

Барчасп