Ҳалокати ҳаштод террорист дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36086-Ҳалокати_ҳаштод_террорист_дар_Афғонистон
Дастикам ҳаштод террорист дар даргириҳои 24 соати гузашта бо нерӯҳои амниятии Афғонистон дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба ҳалокат расиданд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 24, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати ҳаштод террорист дар Афғонистон

Дастикам ҳаштод террорист дар даргириҳои 24 соати гузашта бо нерӯҳои амниятии Афғонистон дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба ҳалокат расиданд.  

Дафтари матбуотии Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, ин даргириҳо дар вилоёти Нангарҳор, Ғазнӣ, Пактия, Вардак, Ҳирот, Фараҳ, Бодғис, Фориёб, Қундуз ва Ҳилманд рух дод, ки бар асари он 31 террористи дигар захмӣ шуданд.

Се қароргоҳи террористҳо низ дар ҳамалоти нерӯҳои афғон дар вилояти Қундуз нобуд шуд.