Тамдиди муҳлати номнависии раъйдиҳандагон дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36096-Тамдиди_муҳлати_номнависии_раъйдиҳандагон_дар_Афғонистон
Комиссияи интихоботи Афғонистон муҳлати номнависии дорандагони шароити раъйдиҳӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии ин кишварро то шашуми июли соли ҷорӣ тамдид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 25, 2018 04:19 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муҳлати номнависии раъйдиҳандагон дар Афғонистон

Комиссияи интихоботи Афғонистон муҳлати номнависии дорандагони шароити раъйдиҳӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии ин кишварро то шашуми июли соли ҷорӣ тамдид кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳафиз Ҳошимӣ узви комиссияи интихоботи Афғонистон рӯзи якшанбе сабаби тамдиди муҳлати сабти номи дорандагони шароити раъйдиҳиро фароҳам шудани замина барои мушорикати бештари сабти номи раъйдиҳандагон дар манотиқи дӯрдсти ин кишвар баршумурд.

Қарор буд раванди сабти ном раъйдиҳандагони интихоботи парлумонии Афғонистон аввали июл ба поён бирасад.

Бар асоси гузориши комиссияи интихоботи Афғонистон то кунун ҳудуди ҳафт миллион нафар барои ширкат дар интхоботи парлумонӣ номнависӣ кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ноамнӣ монеи умда дар баробари номнависӣ аст ва дар ду моҳи ахир чанд инфиҷори террористӣ дар марказҳои сабти ном ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он ҳудуди сесад нафар кушта шуданд.

Сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ ҳудуди ду моҳ пеш аз сӯи комиссияи интихоботи Афғонистон оғоз шуд.

Интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон қарор аст дар 20 октябри 2018 баргузор шавад.