Эрдуғон эъломи пирӯзӣ кард
Раиси ҷумҳурии кунунии Туркия бомдоди душанбе эълом кард, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба пирӯзӣ даст ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон мизони мушорикати мардуми ин кишвар дар ин интихоботро 90 дарсад эълом ва хотирнишон кард, миллати Туркия бар асоси натоиҷи ғайрирасмӣ вайро ба унвони раиси ҷумҳурӣ интихоб кардаанд.
Эрдуғон аз мардуми Туркия ба хотири ҳузури густурда дар интихобот қадрдонӣ кард ва интихоботи ҷориро як пирӯзии демократӣ донист.
Бистушашумин давраи интихоботи парлумонии Туркия ва нахустин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар қолаби низоми раёсатӣ рӯзи якшанбе 24 июн баргузор шуд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия 6 номзад ба рақобат бо якдигар пардохтанд.