Июн 28, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ду ҳамла бо 29 кушта дар Афғонистон

Ба гузориши хабаргузории Associated Press, яке аз ин ҳамалот рӯзи панҷшанбе дар яке аз шаҳристонҳои устони Лугар ва дар нишасти сарони Толибон бо ришсафедҳое, ки дар талош буданд Толибонро барои вуруд ба музокироти сулҳ муҷоб кунанд, иттифоқ афтод.

Ҳасибуллоҳ Станакзай, узви Шӯрои устони Лугар дар шарқи Афғонистон, эълом кардааст, ин инфиҷор ба кушта шудани 13 ришсафед ва теъдоди номаълуме аз аъзои Толибон мунҷар шуд.

Дар натиҷаи ин ҳамла, 5 тани дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз ҳеҷ кас масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифта, вале яке аз шохаҳои маҳаллии ДИИШ  пеш аз ин нишастҳои Толибон ва онҳоеро, ки хоҳони поёни ёфтани 17 сол ҷанг дар Афғонистон ҳастанд, ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳодисае ҷудогона, ҳамлаи Толибон ба як қароргоҳи амниятӣ дар устони Тахор дар шимоли Афғонистон ба кушта шудани 16 марзбон мунҷар шуд.